Ба шоири рус Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон тақдим гардид

Раиси Кумита оид ба Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон дар бахши адабиёт, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Гимни давлатии ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ чанде қабл барои тарғиби назми тоҷик дар хориҷа ва тарҷумаи асарҳои шоирони тоҷик ба забони русӣ дар маҷмӯаи «Огненные знаки» («Рамзҳои озарин») ба шоири рус Михаил Синелников Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакиро тақдим намуд. […]

Аваз Юлдошев



Раиси Кумита оид ба Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон дар бахши адабиёт, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Гимни давлатии ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ чанде қабл


барои тарғиби назми тоҷик дар хориҷа ва тарҷумаи асарҳои шоирони тоҷик ба забони русӣ дар маҷмӯаи «Огненные знаки» («Рамзҳои озарин») ба шоири рус Михаил Синелников Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакиро тақдим намуд.

Дар маросими тақдими ҷоиза адибони шинохтаи тоҷик, кормандони ҳукумат ва дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат иштирок карданд.

Ба гуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Низом Қосим, М.Синелников асарҳои намояндагони барҷастаи назми форус тоҷик Абӯбабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Умари Хайём, Саноӣ, Низомӣ, Арӯзии Самарқандӣ, Анварӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Биноӣ, Муҳаммад Иқбол, Лоҳутӣ ва дигаронро тарҷума кардааст.

«Ҳаводор ва дӯсти назми тоҷик хонандагони русзабони ҷаҳонро ҳамчунин бо асарҳои шоирони муосири тоҷик Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Саидалӣ Маъмур, Гулназар ва бисёре аз дигар шоирон низ шинос намуд», – қайд кард Н.Қосим.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.