Консерт дар Маскав бахшида ба 50-солагии ансамбли «Гулшан»



Дар яке аз толорҳои муҳташами Москва дар ҳошияи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 50-умин солгарди таъсисёбии ансамбли овозадори тоҷики “Гулшан” ба ёдбуди ситораҳои ҳунари эстрадӣ Хурмо Ширинова, Муборакшо Мирзошоев ва Наргис Бандишоева ҳамоиш ва консерт аргузор гардид. Дар оғоз як филми кӯтоҳмуддат ба намоиш гузошта шуд, ки дар асоси наворҳои солҳои пешин аз рӯзгору фаъолияти ин се ситора ҳикоят мекард.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Имомуддин Сатторов  ин ҳамоиши ҳамватанонро ҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт, аз он солҳои пешин, ки таронаҳои ин овозхонҳо дар маърази назари аксари ҷавонону наврасони давр қарор доштанд, хотираҳои рангин дорад.

“Дар оҳанги ин таронаҳои ширин насли давру замон бузург шуданд, инҳо маҳбуби дилҳо буданд. Басо рамзист, ки имрӯзҳо овозхонҳои дигар таронаҳои Хурмову Муборакшову Наргисро дубора замзама мекунанд. Фарҳанг ва ҳунар яке аз василаҳои пояндадошти миллат ва арзишҳои он ба шумор меравад. Шодем, ки ҳолиё дар пойтахти кишвари рус, ҳазорҳо фарсах дур аз Ватани азиз  мусиқиву оҳангхои дилнишини тоҷикӣ садо медиҳанд. Мо тоҷикон дар кӯлвори фарҳангу санъати хеш басо чизҳои наҷибе дорем, ки дар Русия, чуноне ки ман дар Олмон низ таҷруба кардаам, метавонад истиқболи гарму самимӣ дарёбад. Биёед якҷо бошем, аз фарҳангу санъати хеш ифтихор намоем ва дар баланд бардоштани номи миллату Меҳан талош варзем!”- гуфт сафир.

Ин суханони сафири кишварро Алимамад Боймамадов,  раиси Ҷамъияти тоҷикистониён тақвият дода гуфт, ҳоло рӯйи саҳна ҳунармандоне меоянд, ки садои эшон ягон сарҳаду монеаҳоро намешиносад, ҷаҳон аз ҳунари волои эшон истиқбол мекунад. Овозхони  гурӯҳи “Авесто”  Таҳмина Рамазонова, ки воқеан бо як сабки тозаи омехтаи шарқу ғарб месарояд, ҳунармандони гурӯҳи “Ғарибон” ва дигарон рӯйи саҳна омада, барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд.

Аммо барои  толор ҳадяи беҳтарин – баромади гурӯҳи “Baraka” буд, ки аз Латвия даъват шуда ва тамошогарон аз ҷой бархоста ба ҳунари эшон каф мекӯфт. Роҳбари гурӯҳи “Baraka” Дмитрий Евсиков гуфт, барои онҳо мояи ифтихору сарбаландист, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ суруд мехонанд. “Бо тамоми ҳастӣ дар хидмати фарҳангу ҳунари Тоҷикистон камар бастаем”-таъкид намуд у.

Ин чорабинии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси ҷомеаи тоҷикистониён- зодагони Бадахшон ва дастгирии сафорати Точикистон дар Русия баргузор шуда буд, басо хубу хотирмон гузашт. 

spot_imgspot_img

Популярное