Ду дастаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми КФО

Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё (КФО) дар ҷаласаи худ, ки 29-уми ноябр дар пойтахти Филиппин – Манила – баргузор шуд, қарори кумитаи мусобиқоти КФО-ро дар бораи тақсимоти квотаҳо ба кишварҳо барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО-2015-ро пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии оимпии ҶТ, дар Ҷоми КФО-2015 Тоҷикистонро ду даста –  […]

ASIA-Plus



Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё (КФО) дар ҷаласаи худ, ки 29-уми ноябр дар пойтахти Филиппин – Манила – баргузор шуд, қарори кумитаи мусобиқоти КФО-ро дар бораи тақсимоти квотаҳо ба кишварҳо барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО-2015-ро пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии оимпии ҶТ, дар Ҷоми КФО-2015 Тоҷикистонро ду даста –  «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар ва «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, «Истиқлол» ба сабқат аз даври гурӯҳӣ, «Хайр» бошад, аз даври плей-офф шурӯъ хоҳанд кард. 

Ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст. Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш – бошгоҳи «Шайх Ҷамол» мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 – бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.

Қуръакашии даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015 рӯзи 11-уми декабр дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.