Ифтитоҳи боз як нуқтаи додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар Санкт-Петербург

Дар дафтари кории консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боз як нуқтаи иловагии додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон боз гардид, ки дар он кормандони аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ сафарбаршуда ин хизматгузориҳоро анҷом медиҳанд. Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, бо мақсади шиносии шаҳрвандони Тоҷикистон […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар дафтари кории консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боз як нуқтаи иловагии додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон боз гардид, ки дар он кормандони аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ сафарбаршуда ин хизматгузориҳоро анҷом медиҳанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, бо мақсади шиносии шаҳрвандони Тоҷикистон бо тартиби барасмиятдарорӣ ва додани ин шиносномаҳо дар хонаи миллатҳои шаҳр вохӯрии дипломатҳои тоҷик бо роҳбарони диаспорахои тоҷикон ва шаҳрвандони тоҷики муқими ин ҳавзаи шаҳр баргузор шуд.

Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсати хизматгузориҳои консулгарии Сарраёсати консулгарӣ Садбарг Ғаниева, роҳбари хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия Ашраф Гулов, консули фахрии ҶТ дар Санкт-Петербург Назар Мирзода ва ҳамчунин намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ин шаҳр Қурбоналӣ Расулов иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ ба ҳозирин қонунҳои нави Русия дар бахши муҳоҷират, ки аз январи соли 2015 мавриди амал қарор мегиранд, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.