ҲНИТ ва «Единая Россия» масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Дар шаҳри Қазон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо узви Президиуми шӯрои генералии ҳизби «Единая Россия» Андрей Климов мулоқот кард. Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мулоқот ҷонибҳо масоили вазъи муҳоҷирони корӣ, афзоиши тундгароӣ дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва истифодаи имконоти ҷомеа, аз […]

Ҳумайро Бахтиёр



Дар шаҳри Қазон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо узви Президиуми шӯрои генералии ҳизби «Единая Россия» Андрей Климов мулоқот кард.

Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мулоқот ҷонибҳо масоили вазъи муҳоҷирони корӣ, афзоиши тундгароӣ дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва истифодаи имконоти ҷомеа, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ дар ҳалли ин мушкилоти умумиро баррасӣ намуданд.

«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои байнулмилалӣ ва вазъ дар минтақа табодули афкор намуда, таҳкими минбаъдаи робитаҳо миёни ҳизбҳо баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардумро таъкид доштанд», – қайд кард Файзраҳмонов.

Қобили зикр аст, ки ин мулоқот дар чаҳорчӯби кори Форуми ҷамъиятии «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» дар Қазон доир гардида, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин аз Донишкадаи исломии Русия боздид ва бо ректори ин донишкада Рафиқ Муҳаммметшин низ мулоқот кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.