Афзоиши шумори ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон афзоиши шумори ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шуда, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 3820 чунин ҷиноятҳо содир шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6% зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра сабти ҷиноятҳои марбут ба барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ – 20,5%, қаллобӣ – 19,7%, […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар Тоҷикистон афзоиши шумори ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шуда, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 3820 чунин ҷиноятҳо содир шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6% зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра сабти ҷиноятҳои марбут ба барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ – 20,5%, қаллобӣ – 19,7%, авбошӣ – 4,8%, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир – 11,6% ҳолатҳои хариду фурӯши одамон аз 6 то ба 24 ҳолат ва терроризм – аз 3 то ба 12 ҳолат афзудааст.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ шуда, сабти ҷиноятҳои ҳамлаҳои ғоратгарона – 10%, ғоратгарӣ – 7,9%, дуздӣ – 5,7%, таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он – 2,2%, одамкушӣ ва суиқасд ба он – 2,1% коҳиш ёфтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.