Оғози сохтмони фурӯшгоҳҳои нав дар макони сӯхтори бозори «Панҷшанбе»

Дар марказҳои савдои аз сӯхтор осебдидаи «Сино», «Тоҷир» ва «Баҳор»-и бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд  корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, дар расми оғози корҳо раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорон ва роҳбарияти марказҳои савдои номбурда мулоқот намуда, зикр намуд,ки дар […]

ASIA-Plus



Дар

марказҳои савдои аз сӯхтор осебдидаи

«Сино», «Тоҷир» ва «Баҳор»-и бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд  корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, дар расми оғози корҳо раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорон ва роҳбарияти марказҳои савдои номбурда мулоқот намуда, зикр намуд,ки дар асоси дастури президенти ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон барои соҳибкорони зарардида чанд имтиёз ва шароити мусоид барои фаъолияти минбаъда фароҳам оварда мешавад.

Мувофиқи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ситоди махсус фаъолият дорад. Салоҳияти ситод аз бартараф намудани оқибати сӯхтор, баррасии имтиёз барои соҳибкорон, пурра барқарор намудани ҷойҳои корӣ ва  дигар масалаҳои марбут ба ҳодисаи ба амаломада, иборат аст. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ҳозиронро бо лоиҳаи сохтмонии марказҳои савдои зикргардида ошно намуда, таъкид дошт, ки иншооти минбаъда бо риояи тамоми талаботу меъёрҳои сохтмонӣ,зиддисӯхтор ва фаъолияти соҳибкорон дар тамоми фаслҳои сол сохта хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа дар маркази савдои «Баҳор» 50, дар марказҳои савдои «Тоҷир» ва «Сино» бошад 85 чунин нуқта фаъолият хоҳад кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти марказхои савдо супориш дод,ки то санаи муқарраргардида,- 1 феврали соли оянда корҳои сохтмониро ба анҷом расонда, соҳибкоронро бо ҷойҳои кории худ таъмин намоянд. Ҳамчунин давоми сол соҳибкорон аз пардохти маблағи иҷора озод карда шуда, муассисаҳои бонкӣ муваззаф гардидаанд,ки барои аз сӯхтор зарардидагон қарзҳои имтиёзнок  пешниҳод намоянд. Ҳамчунин тамоми корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби марказҳои савдо ба анҷом расонда хоҳад шуд. Соҳибкорон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор ва дар корҳои азнавсозию сохтмонӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.