Кабирӣ муҳоҷиронро ба иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонӣ даъват кард

Дар ҳошияи сафар ба Русия раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ чанде қабл дар маркази фарҳангии «Нур»-и шаҳри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот кард. Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси ҲНИТ муҳоҷирони кориро ба иштироки фаъолона дар интихоботи […]

Аваз Юлдошев



Дар ҳошияи сафар ба Русия раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ чанде қабл дар маркази фарҳангии «Нур»-и шаҳри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот кард.

Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раиси ҲНИТ муҳоҷирони кориро ба иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда дар ҷумҳурӣ даъват намуда, онҳоро яке аз иштирокчиёни асосии басуботоварии вазъи ҷомеа дар кишвар унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, Муҳиддин Кабирӣ як қисмати муайяни кормандони Академия илмҳои Тоҷикистонро, ки аз ҳисоби андозсупорандагон зиндагӣ карда, барои рушди илми тоҷик ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд, мавриди интиқод қарор дод.

«Онҳо ба бадномкунии нерӯҳои сиёсӣ ва ходимони дини ҷудогона тариқи ВАО машғуланд, магар ин илму фаъолияти илмӣ аст?», – иброз доштааст раиси ҲНИТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни посух ба саволҳои сершумори ҳозирин Муҳиддин Кабирӣ зикр кардааст, ки тағйирот дар ҷомеаи Тоҷикистон метавонад бо роҳи осоишта ва дар доираи муборизаи сиёсӣ сурат гирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.