Ба ФФТ ҷоизаи президенти КФО барои рушди футболи оммавӣ тақдим гардид

Дар маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё «AFC Annual Awards”, ки рӯзи 30-юми ноябр дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, баргузор шуд, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҳамроҳ бо Филлипину Ҳинд ҷоизаи махсуси президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои рушди футболи оммавӣ тақдим гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Хуршед Мирзоев, муовини […]

ASIA-Plus



Дар маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё «AFC Annual Awards”, ки рӯзи 30-юми ноябр дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, баргузор шуд, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҳамроҳ бо Филлипину Ҳинд ҷоизаи махсуси президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои рушди футболи оммавӣ тақдим гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси ФФТ гуфтааст, ки “Ин ҷоиза барои инкишофи футбол дар кишвар бисёр муҳим аст. ” Ба гуфтаи ӯ дар чорабиниҳои соли оммавии футбол дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор наврасу кӯдакон ширкат карданд ва барномаҳои зиёди дигаре барои инкишофи футбол иҷро шуд.

Ба иттилои манбаъ дар ин маросим беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014 дар Осиё низ муайян шуда,Носир ал-Шамронӣ, футболбози араб ва ҳамлагари дастаи «Ал-Айн»-и Арабистони Саудӣ беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2014 эълон шуд ва унвони беҳтарин довари Осиёро дар ин сол Равшан Эрматов, довари ӯзбекистонӣ, ба даст овард.

Гуфта мешавад, дар байни духтарони футболбоз Катрина Ли Горри аз Австралия беҳтаринзани футболбози Осиё дар соли 2014 эълон шуд. Ин духтари 22-сола ҳоло дар тими Brisbane Roar дар Амрико бозӣ мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки беҳтарин тими Осиё ҳам аз Австралия шуд ва ин унвонро Sydney Wanderers азони худ кард, мураббии тим Тони Попович, беҳтарин мураббии Осиё эълон шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.