Дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар моҳи феврали соли оянда Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон беш аз 100 гурӯҳи зуамали ташвиқотӣ таъсис дод.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳҳои зикршуда бо воситаҳои алоқаи мобилӣ, маводи зарурӣ дар бораи ҳизб, ҳадафу вазифаҳои он таъмин карда шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар интихоботи парлумонӣ ҲХДТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 28 номзад ва аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ 41 нафар номзад ба вакилӣ пешбарӣ мекунад.
Таъкид гардид, ки дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ номзадҳои ҳизб пешбарӣ хоҳанд шуд.



