Беш аз 100 гурӯҳи зудамали ташвиқотии ҲХДТ дар интихоботи парлумонӣ

Дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар  моҳи феврали соли оянда Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон беш аз 100 гурӯҳи зуамали ташвиқотӣ таъсис дод. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳҳои зикршуда бо воситаҳои алоқаи мобилӣ, маводи зарурӣ дар бораи […]

Аваз Юлдошев



Дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар  моҳи феврали соли оянда Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон беш аз 100 гурӯҳи зуамали ташвиқотӣ таъсис дод.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳҳои зикршуда бо воситаҳои алоқаи мобилӣ, маводи зарурӣ дар бораи ҳизб, ҳадафу вазифаҳои он таъмин карда шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар интихоботи парлумонӣ ҲХДТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 28 номзад ва аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ 41 нафар номзад ба вакилӣ пешбарӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ номзадҳои ҳизб пешбарӣ хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.