Беш аз 570 нафар соҳиби сертификати донистани забони русӣ шуданд

Марказҳои пешниҳоди сертификат дар бораи донистани забони русӣ, ки дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон амал мекунанд, аз оғози сол ба 572 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон чунин сертификатҳо додаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, аз шумори умумии шаҳрвандоне, […]



Марказҳои пешниҳоди сертификат дар бораи донистани забони русӣ, ки дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон амал мекунанд, аз оғози сол ба 572 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон чунин сертификатҳо додаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, аз шумори умумии шаҳрвандоне, ки ба сертификатҳо соҳиб шудаанд, 420 нафарашонро мардон ва 152 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Муҳлати амали сертификатҳои додашуда 5 сол буда, дар қаламрави Русия эътироф карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли 2015 дар қаламрави Русия муҳоҷирон пас аз супурдани имтиҳонҳо дар марказҳои махсус бояд сертификатҳои донистани забони русӣ ва таърихи Русияро дастрас кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.