Кумакпулӣ ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоати ДДХ

Ба беш аз 1000 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ба дастгирӣ ниёз доштанд, аз номи ректорат ба ҳар кадоме ба маблағи 500 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ДДХ, бо ин мақсад дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ бо фармони ректори донишгоҳ аз фондҳои […]



Ба беш аз 1000 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ба дастгирӣ ниёз доштанд, аз номи ректорат ба ҳар кадоме ба маблағи 500 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ДДХ, бо ин мақсад дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ бо фармони ректори донишгоҳ аз фондҳои муассиса таълимӣ 545,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

«Ин миқдор маблағ ба 658 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда, 366 нафар муҳассилини аз падар ва ё модар маҳрумгашта, 35 нафар дониҷӯёни маъюб ва 32 нафар ятими кулл, ки дар маҷмуъ 1091 нафар мебошанд,тақсим карда шуд», – омадааст дар маълумоти донишгоҳ.

Қобили зикр аст, ки соли равон ин ҳафтумин кӯмаки Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни камбизоат буда, қаблан дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба ин табақа зиёда аз 179 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз хазинаи донишгоҳ ихтисос гардида буд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин муассисаҳои олиии мамлакат маҳсуб ёфта, алҳол дар он беш аз 15 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд ва дар ин боргоҳи илм наздик 1000 нафар устодон дарс мегӯянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.