Тоҷикистону Чин реҷаи равуои нақлиёти автомобилӣ тариқи гузаргоҳи «Қулма- Қаросу»» (ВМКБ) дар марзи ҳарду кишварро тасдиқ карданд.
Аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тибқи созишномаи баимзорасида миёни Тоҷикистону Чин, реҷаи ҳамлу нақли молу воситаҳои нақлиёт тавассути гузаргоҳи автомобилгарди «Қулма-Қаросу» дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин дар мавсими зимистон аз соати 09-00 (ба вақти Душанбе) то 12-00 (ба вақти Пекин) дар рӯзҳои 8,9,10,11,12 ва 22,23,24,25,26-уми моҳи декабр; рӯзҳои 5,6,7 ва 19,20,21-уми моҳи январ; рӯзҳои 2,3,4 ва 11,12,13-уми моҳи феврал ва рӯзҳои 2,3,4 ва 17.18,19-уми моҳи март сурат мегирад.
Аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, ки аз соли 2012 фаъолияти ин гузаргоҳ тамоми сол роҳандозӣ шуда буд, вале бинобар сабаби номусоидии обуҳаво дар фасли зимистон дар ин мавзеъ, Чин тасмим гирифт, ки дар ин давра реҷаи муайяни равуоро ҷорӣ созад.
Гузаргоҳи «Қулма» дар баландии ҳудуди 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, ҳамасола ин гузаргоҳро ба ҳисоби миёна 10-11 ҳазор адад автомашинаҳо убур мекунанд. Гузаргоҳ аз соли 2005 ба фаъолият шурӯъ карда буд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин беш аз 645 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 20% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни кишварҳо беш аз 615 млн. доллари ИМА ба воридоти маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон рост меояд.



