Эмомалӣ Раҳмон раисони як қатор шаҳру навоҳиро иваз кард

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони як қатор шаҳру навоҳии кишвар иваз карда шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои мавҷуда дар роҳи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ, иҷрокунандаҳои нави […]



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони як қатор шаҳру навоҳии кишвар иваз карда шуданд.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои мавҷуда дар роҳи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ, иҷрокунандаҳои нави вазифаҳои раисони шаҳру ноҳияҳои номбурдаро ба кори софдилонаю содиқона ва хизмати бомасъулият ба мардум ҳидоят намуд.


Тавре таъкид гардид, дастгирии соҳибкории хурду миёна, мусоидат ба рушди бомароми кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолию содиротӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо аст.


Ҳамин тариқ, Қиматгул Алибердиева иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд. Раиси собиқи ин шаҳр Фаромуз Имомбердиев ба вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд.


Гуфта мешавад, Худойназар Амонзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд; Матлубахон Сатториён – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд; Ғайбулло Боҳиров – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд; Маҳмадҷобир Ризоев – раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд; Ғайрат Азизов – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд; Шарбатулло Девонаев – раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва -Рамазон Оймаҳмадов – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъин карда шуданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.