Ба беш аз 1000 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ба дастгирӣ ниёз доштанд, аз номи ректорат ба ҳар кадоме ба маблағи 500 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ДДХ, бо ин мақсад дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ бо фармони ректори донишгоҳ аз фондҳои муассиса таълимӣ 545,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
«Ин миқдор маблағ ба 658 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда, 366 нафар муҳассилини аз падар ва ё модар маҳрумгашта, 35 нафар дониҷӯёни маъюб ва 32 нафар ятими кулл, ки дар маҷмуъ 1091 нафар мебошанд,тақсим карда шуд», – омадааст дар маълумоти донишгоҳ.
Қобили зикр аст, ки соли равон ин ҳафтумин кӯмаки Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни камбизоат буда, қаблан дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба ин табақа зиёда аз 179 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз хазинаи донишгоҳ ихтисос гардида буд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин муассисаҳои олиии мамлакат маҳсуб ёфта, алҳол дар он беш аз 15 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд ва дар ин боргоҳи илм наздик 1000 нафар устодон дарс мегӯянд.



