Ҷашнвораи анъанавии хайрияи таъоми миллӣ дар Душанбе



Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 6-уми декабр дар тарабхонаи «Ёқут-2000» дар пойтахт Ҷашнвораи анъанавии хайрияи таъоми миллӣ баргузор мешавад, ки аз ҷониби сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ созмон дода мешавад.

Бино ба маълумоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҷашнвора рӯзона аз соати 11 то 16 доир гардида, дар ҷараёни он ҳамчунин туҳфа ва рамзҳои миллии кишварҳои гуногун низ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми даромади бадастомада аз ҷашнвораи мазкур бо мақсади кумаки хайрия барои кӯдакони Тоҷикистон равона мегардад. 

spot_imgspot_img

Популярное