Кабирӣ: Масъалаи пешниҳоди даъво нисбати АИ дар Шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мешавад

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз, 3-юми декабр дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки масъалаи пешниҳоди аризаи даъвогӣ нисбати Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар Шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мешавад. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, шахсан ӯ муқобили пешниҳоди аризаи даъввогӣ нисбати Академияи илмҳо аст, вале ин масъаларо Шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мекунад. «Академияи […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз, 3-юми декабр дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки масъалаи пешниҳоди аризаи даъвогӣ нисбати

Академияи илмҳои Тоҷикистон

рӯзҳои наздик дар Шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мешавад.

Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, шахсан ӯ муқобили пешниҳоди аризаи даъввогӣ нисбати Академияи илмҳо аст, вале ин масъаларо Шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мекунад. «Академияи илмҳо ибодатгоҳи илм аст ва мо ба ин сохтор эҳтиром дошта, аммо шояд он ҷо шахсони тасодуфӣ роҳ ёфтаанд, ки аз қонунгузории кишвар огаҳӣ надоранд, шахсият ва одамонро бо мақсадҳои сиёсӣ таҳқир мекунанд», – иброз дошт Кабирӣ.

Кабирӣ ҳамчунин зикр кард, ки то ҳол мақомоти шаҳрдории Душанбе ба мактуби ӯ оид ба мусоидат ҷиҳати пешниҳоди толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб посух надодаанд. «Эҳтимол анҷуман дар дафтари кории ҳизб баргузор шавад», – гуфт раиси ҳизб.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки дар интихоботи парлумонӣ ҲНИТ ба на камтар аз 5 курсии вакилӣ соҳиб шуда, дар парлумон фраксияи худро таъсис медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.