Се дидбонгоҳи марзӣ бо техникаи зарурӣ ва воситаҳои нақлиёт муҷаҳҳаз шуд

Дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии муовини сардори Хадамот полковник Тоҳирҷон Нуров бо роҳбари намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Хоҷиғулом Сарязди доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ шуд. Дар вохӯрӣ […]

ASIA-Plus



Дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии муовини сардори Хадамот полковник Тоҳирҷон Нуров бо роҳбари намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Хоҷиғулом Сарязди доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ шуд.

Дар вохӯрӣ сафири Ҷопон Камада Такаши, намояндагони Лоиҳаи ХАС/К22, намояндагони расмии мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадори кишвар иштирок карданд.

Гуфта мешавад, аз тарафи Лоиҳаи ХАС/К22 ва намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ба се дидбонгоҳи сарҳадии Қарамиқи ноҳияи Ҷиргатол, Қизил-арти ноҳияи Мурғоб ва Панҷи поён таҷҳизотҳои зарурии техникӣ аз қабили компютер, асбобҳои аксбардорӣ ва наворбардорӣ, ду адад нақлиёти сабукрав ва дигар таҷхизотҳои зарӯрӣ тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи ХАС/К22 аз соли 2009 инҷониб фаъолият дошта, барномаҳои худро бо унвони «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мустаҳкамгардонии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ» тариқи сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пиёда месозад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.