Суғд: Боздошти 46 нафар иштирокчиёни парванда оид ба «ҷиҳод дар Сурия»

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зимни баррасии як парвандаи ҷиноӣ ба гумони даст доштан дар узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва нияти иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 46 тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, зимни баррасии ин парванда, ки ҳанӯз 26-уми сентябр боз шуда […]



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зимни баррасии як парвандаи ҷиноӣ ба гумони даст доштан дар узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва нияти иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 46 тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, зимни баррасии ин парванда, ки ҳанӯз 26-уми сентябр боз шуда буд, 46 нафар сокинони вилоят боздошт шуданд, ки нияти ба «ҷиҳод» ба Сурия рафтанро доштанд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки санаи 15-уми октябри соли ҷорӣ мақомоти интизомии вилоят 10 нафар сокинони минтақаи шимоли кишвар боздошт шуда буданд, ки нияти иштирок дар даргириҳои Сурияро доштанд. Нуҳ нафари онҳо сокинони ноҳияи Спитамен ва 1 нафар сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент буд.

Мақомоти интизомӣ санаи 26-уми сентябри соли равон 2 сокини вилоятро, ки нияти ба «ҷиҳод» ба Сурия рафтанро доштанд, боздошт карданд. Сипас тибқи нишондоди онҳо, боз 8 нафари дигар ҳаммаслаконашон низ дастгир шуданд.

«46 нафар боздоштшудагон аъзои созмони ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати исломии Туркистон», сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Истаравшан, Исфара ва Спитамен мебошанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. «Пас аз тафтиш мо парвандаи ҷиноӣ нисбати 11 нафарро ба суд ирсол намуда, тафтишот нисбати 35 нафари боқимонда идома дорад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.