Таваҷҷуҳи Италия ба харидории сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо директори генералии ширкати «Конфиндустрия Умбрия», раиси Иттиҳодияи саноатчиёни Италия Аурелио Форсигнано ва директори ширкати «Умбрия Экспорт» Энсо Фалоси дар шаҳри Перуҷа масоили марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф […]



Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо директори генералии ширкати «Конфиндустрия Умбрия», раиси Иттиҳодияи саноатчиёни Италия Аурелио Форсигнано ва директори ширкати «Умбрия Экспорт» Энсо Фалоси дар шаҳри Перуҷа масоили марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Шариф Саид ба ҳамсуҳбатон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти палата ва имконоти иқтисодии Тоҷикистон маълумот дод.

Гуфта мешавад, ба амалисозии лоиҳаи палатаҳои савдо ва саноат оид ба рушди косибӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳо дар сатҳи ниҳоду сохторҳои расмӣ манфиатдорӣ изҳор намуда, ҷониби Италия ба харидории металлу сангҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.