Коммунистони Хатлон ҳамсафонашонро ба иттиҳод даъват карданд

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов ва котиби Кумитаи Марказии ҳизб Исмоил Талбаков чанде қабл дар кори пленмуи навбатии кумитаи вилоятии ҲКТ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон иштирок карданд. Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар пленум барномаи пешазинтихобтии ҲКТ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда баррасӣ шуда, 21 […]



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов ва котиби Кумитаи Марказии ҳизб Исмоил Талбаков чанде қабл дар кори пленмуи навбатии кумитаи вилоятии ҲКТ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон иштирок карданд.

Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар пленум барномаи пешазинтихобтии ҲКТ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда баррасӣ шуда, 21 нафар вакилон ба анҷумани 31-уми коммунистони кишвар, ки санаи 27-уми декабр доир мегардад, интихоб шуданд.

«Дар пленум ҳамчунин пешбарии номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон, ки ба рӯйхати ҳизбии ҲКТ шомил мешаванд, низ баррасӣ шуд», – иброз дошт Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, коммунистони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба раҳбарияти ҳизб пешниҳод намуданд, ки ба унвони тамоми коммунистони ҷумҳурӣ бо даъъвати муттаҳид шудан ва роҳ надодан ба ҷудоиандозӣ дар сафҳои ҳизб муроҷиатнома қабул карда шавад.

«Шодӣ Шабдолов ба иштирокчиёни пленум дар бораи вазъи ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ маълумот дода, даъват кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ва сулҳ субот дар сарзамини тоҷикон бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.