ХБА ба Тоҷикистон омодагӣ ба шадид шудани сиёсати пуливу қарзиро тавсия медиҳад



Таҳлилгарони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) коҳиши суръати рушди иқтисодӣ аз 6,6% дар соли 2013 то ба 5,5% дар солҳои 2014-2015 дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказиро пешгӯӣ мекунанд.

Дар гузориши моҳи ноябр интишоршудаи Хазина таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ» дар ин робита қайд мешавад, ки коҳиши суръати рушди иқтисод асосан ба заъифшавии талаботи дохилӣ дар кишварҳои содиркунандаи нафти минтақа ва коҳиши содирот дар кишварҳои воридкунандаи нафт бар асари кам шудани фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия бастагӣ дорад, ки шарики асосии тиҷоратӣ ва сарчашмаи интиқоли маблағҳои пулӣ маҳсуб меёбад.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки омилҳои муайянкунандаи ин пешгӯиҳо хатарҳои геополитикӣ мебошанд, ки ба низоъи Русияву Украина дахл доранд. «Коҳиши бештар ё дарозмуддати фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия ба иқтисоди кишварҳои минтақа тариқи воситаи интиқоли маблағҳои пулӣ (Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон), тиҷорат (Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон) ва сармоягузориҳои мустақим (Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) таъсири назаррас мегузоранд», – таъкид мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон ва даромади ҷумҳурӣ аз содироти алюминий ва  нахи пахта коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми воридот меафзояд, ки ба рӯйпӯшкунии он дар сатҳи паст аз ҳисоби захираҳо боис мегардад.

Таҳлилгарони Хазина ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҷиддӣ ба шадид шудани сиёсати пуливу қарзӣ, бахусус зимни нигаҳдории суръати баланди афзоиши қарзҳо дар бахши хусусӣ омодагӣ гирад.

Тибқи пешгӯии ХБА, дар солҳои 2014 ва 2015 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеъии Тоҷикистон 6% ва мизони таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ соли равон 6,6%-ро ташкил дода, соли 2015 ба 8,3% мерасад.

spot_imgspot_img

Популярное