Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов ва котиби Кумитаи Марказии ҳизб Исмоил Талбаков чанде қабл дар кори пленмуи навбатии кумитаи вилоятии ҲКТ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон иштирок карданд.
Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар пленум барномаи пешазинтихобтии ҲКТ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда баррасӣ шуда, 21 нафар вакилон ба анҷумани 31-уми коммунистони кишвар, ки санаи 27-уми декабр доир мегардад, интихоб шуданд.
«Дар пленум ҳамчунин пешбарии номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон, ки ба рӯйхати ҳизбии ҲКТ шомил мешаванд, низ баррасӣ шуд», – иброз дошт Талбаков.
Ба гуфтаи ӯ, коммунистони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба раҳбарияти ҳизб пешниҳод намуданд, ки ба унвони тамоми коммунистони ҷумҳурӣ бо даъъвати муттаҳид шудан ва роҳ надодан ба ҷудоиандозӣ дар сафҳои ҳизб муроҷиатнома қабул карда шавад.
«Шодӣ Шабдолов ба иштирокчиёни пленум дар бораи вазъи ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ маълумот дода, даъват кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ва сулҳ субот дар сарзамини тоҷикон бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд», – афзуд номбурда.



