Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи палатаи поёнии парлумон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров таваҷҷуҳи раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба мушкилоти паҳншавии Вируси норасии масуният ва Бемории норасоии масунияти одам( ВНМ/БНМО, ВИЧ/СПИД) миёни муҳоҷирони корӣ ҷалб намуд.
«Садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, баъди бозгашт ба хона бояд аз муоинаи зарурии тиббӣ гузаранд, то ки ба хотири таъмини бехатарии дигар аъзои оила, дар бораи вазъи солимии онҳо бояд маълумот мавҷуд бошад», – чунин мешуморад Ш.Зуҳуров.
Имрӯз дар палатаи поёнии парлумон Созишномаи грантӣ оид ба кӯмаки техникӣ байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
Ба қавли муовини взири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров маблағи грант барои амалисозии лоиҳа 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Ин воситаҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони тиббӣ ва таъмини дастрасии модарон ба кумаки тиббӣ равона мегардад, ки он ҳамчунин муоинаи тиббии занони ҳомиладорро низ дар бар мегирад», – таъкид дошт Ҷаъфаров.
Муовини вазир зикр кард, ки дар аввали моҳи октябри соли 2014 шумори гирифторон ба бемории СПИД дар Тоҷикистон беш аз 6,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 1,8 ҳазор нафари онҳо занон ва 501 нафарашон ноболиғонанд.
Ба гуфтаи ӯ, шурӯъ аз соли 1991 то моҳи октябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 448 нафар занони ҳомиладори сироятёфта ба СПИД ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра 188 нафар кӯдакони сироятёфта аз СПИД таваллуд шуда, 57 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.



