Боздошти шаҳрванди Қирғизистон дар ВМКБ бо 17 кило ҳашиш

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ин вилоят қариб 17 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон бо гумонбарии даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шаҳрванди […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ин вилоят қариб 17 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон бо гумонбарии даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шаҳрванди 52-солаи Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шудааст.

«Дар вақти дастгиршавӣ аз борхалтаи варзишии ӯ 16 бастачаҳои чоркунҷашакли прессшуда бо бӯйи махсус дарёфт ва мусодира гардид, ки мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ, маводи мусодирагардида навъи ҳашиш буда, вазни он қариб 17 килоро ташкил дод», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, дар вақти гузаронидани тафтишоти пешакӣ маълум гардид, ки дастгиршуда маводи нашъаоварро аз ҳудуди вилоят ба шаҳри Оши Қирғизистон ва баъдан ба Русия интиқол доданӣ будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии АНМН бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентии дар ВМКБ ворид карда шудааст ва айни замон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии АНМН ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси ба ин ҷиноят дастдошта чораҳои зарурӣ меандешад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.