Нигаронии раиси парлумон аз паҳншавии бемории СПИД миёни муҳоҷирон

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи палатаи поёнии парлумон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров таваҷҷуҳи раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба мушкилоти паҳншавии Вируси норасии масуният ва Бемории норасоии масунияти одам( ВНМ/БНМО, ВИЧ/СПИД) миёни муҳоҷирони корӣ ҷалб намуд. «Садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, баъди бозгашт ба хона […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи палатаи поёнии парлумон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров таваҷҷуҳи раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба мушкилоти паҳншавии Вируси норасии масуният ва Бемории норасоии масунияти одам( ВНМ/БНМО, ВИЧ/СПИД) миёни муҳоҷирони корӣ ҷалб намуд.

«Садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, баъди бозгашт ба хона бояд аз муоинаи зарурии тиббӣ гузаранд, то ки ба хотири таъмини бехатарии дигар аъзои оила, дар бораи вазъи солимии онҳо бояд маълумот мавҷуд бошад», – чунин мешуморад Ш.Зуҳуров.

Имрӯз дар палатаи поёнии парлумон Созишномаи грантӣ оид ба кӯмаки техникӣ байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.

Ба қавли муовини взири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров маблағи грант барои амалисозии лоиҳа 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Ин воситаҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони тиббӣ ва таъмини дастрасии модарон ба кумаки тиббӣ равона мегардад, ки он ҳамчунин муоинаи тиббии занони ҳомиладорро низ дар бар мегирад», – таъкид дошт Ҷаъфаров.

Муовини вазир зикр кард, ки дар аввали моҳи октябри соли 2014 шумори гирифторон ба бемории СПИД дар Тоҷикистон беш аз 6,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 1,8 ҳазор нафари онҳо занон ва 501 нафарашон ноболиғонанд.

Ба гуфтаи ӯ, шурӯъ аз соли 1991 то моҳи октябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 448 нафар занони ҳомиладори сироятёфта ба СПИД ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра 188 нафар кӯдакони сироятёфта аз СПИД таваллуд шуда, 57 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.