Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон даъвати чорум лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи хизмати давлатӣ» якдилона дастгирӣ шуд.
Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Парвиз Давлатзода қайд кард, ки мутобиқи меъёрҳои он, шахсони бидуни шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар бахши дипломатияи тоҷик кор карда наметавонанд.
«Дар лоиҳаи қонун барои тарбия ва таҳсили фарзандони дипломатҳои тоҷик дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии хориҷи кишвар ҷудо кардани маблағи пулӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, барои табобати дипломатҳои тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ низ маблағ ҷудо мегардад», – қайд кард Давлатзода.
Ба қавли ӯ, ғайр аз ин, музди меҳнати дипломатҳои тоҷик, ки дар нуқтаҳои даргири ҷаҳон ба фаъолият машғуланд, ба андозаи 20% зиёд карда мешавад.
«Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бахши ба истилоҳ дипломатияи иқтисодӣ фаъолона ба кор оғоз мекунад. Имрӯз дар назди вазорат шуъбаи робитаҳои иқтисодӣ амал мекунад, ки минбаъд ба раёсат табдил дода мешавад», – изҳор кард муовини вазир.



