Тайи шабонарӯзи сипаришуда қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА дар бозори асъори Душанбе беш аз 2% коҳиш ёфт.
Агар дирӯз барои 1 доллар 5,28 сомониву фурӯши онро 5,30 сомонӣ пешниҳод мекарданд, пас имрӯз дар лавҳаҳо муқобили доллари амрикоӣ қурби нав – мутаносибан 5,38 ва 5,40 сомонӣ гузошта шудааст.
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор мегӯянд, ки қурби нав бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мувофиқа шудааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз кормандони ин нуқтаҳо эътироф мекунанд, ки онҳо долларро аллакай бо қурби 5,48-5,50 сомонӣ фурӯхта, рақамҳо дар лавҳа бошад, «танҳо барои эрод нагирифтани кормандони БМТ аст».
Дар БМТ итминон медиҳанд, ки устувории қурб ва муътадилии фаъолияти бозори асъорро таъмин намуда, айни замон дар аксари бозорҳои молии ҷаҳон калавиши беҳад зиёди қурби асхорӣ хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.
«Омилҳои объективии дарозмуддати мансуб ба иқтисод ва бозори молии кишвари мо мавҷуданд, ки мавсимӣ талаботро афзуда, пешниҳоди асъори хориҷӣ, аз ҷумла асъори нақдиро коҳиш медиҳанд», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Бонки миллӣ.
Бино ба маълумоти БМТ, соли равон таҳти таъсири тамоили ҷаҳонии таҳкими қурби доллари ИМА нисбати дигар асъори миллӣ, ин вазъ печидатар шуд. «Ин ба ташаннуҷи геополитикии вазъ дар ҷаҳон, Шарқи Наздик, Украина ва Русия ва ҳамчунин тағйирот дар сиёсати асъори Низоми федералии захиравӣ бо мақсади дастгирии низоми молии ИМА бастагӣ дорад», – таъкид доштанд дар БМТ.
«Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба зарурат баҳри ба ифоқа овардани калавишҳои беҳад зиёди қурб ва талабот ба асъори миллӣ, дар бозори дохилӣ амалиёт анҷом дода, ба таъмини устуворӣ ва муътадилии ин бозор кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои ин тамоми механизм ва воситаҳои зарурӣ мавҷуданд», – итминон доданд дар Бонки миллӣ.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА тақрибан ба андозаи 9% коҳиш ёфт.



