Маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди Роғун эҳтимол соли 2016 баста шавад

– Бинокорони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба бастани маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳ эҳтимол соли 2016 шурӯъ кунанд, – иброз доштааст дар мусоҳиба ба  «Евразийское развитие»  котиби кумитаи миллии тоҷикистонии Комиссияи байнулмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург Ҳамид Орифов. Ӯ зикр кардааст, ки то ин замон бояд ҳамаи нақбҳо омода гардида, сарчашмаҳои маблағгузории […]

ASIA-Plus



– Бинокорони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба бастани маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳ эҳтимол соли 2016 шурӯъ кунанд, – иброз доштааст дар мусоҳиба ба 


«Евразийское развитие»


 котиби кумитаи миллии тоҷикистонии Комиссияи байнулмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург Ҳамид Орифов.

Ӯ зикр кардааст, ки то ин замон бояд ҳамаи нақбҳо омода гардида, сарчашмаҳои маблағгузории тамоми лоиҳа дарёфт шаванд. «Муҳимтар аз ҳама «маъқул шуморидан»-и лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аст», – таъкид доштааст Орифов.

«Таври маълум, ташхис нишон дод, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳам аз нигоҳи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳозӣ экологӣ ба кишварҳои поёноб ҳеҷ хатаре эҷод намекунад. Ӯзбекистон изҳор дошта буд, ки дар Роғун об захира шуда, ҳашт сол онҳо бе об мемонанд, вале ин тавр нест. Мо обро дар обанбор тибқи квота захира намуда, аз он зиёд намегирем», – қайд кардааст энергетики тоҷик.

Ба гуфтаи Ҳ.Орифов, аз нигоҳи бехатарӣ низ ташхис гузаронида шуда, ҳеҷ нишондиҳандаи муқобили сохтмони нерӯгоҳи Роғун пайдо нагардид. «Агар Тоҷикистон ҳамаи тавсияҳои Бонки ҷаҳониро риоя намояд, ҳеҷ мушкилоте пеш нахоҳад омад. Дар муддати ду сол бунёди нақби сеюми сохтмонӣ дар назар буда, эҳё ва мустаҳкам кардани ду нақби мавҷуда ба итмом мерасад. Ин корҳоро анҷом додан зарур аст, то ки зимни сохтмон барои партоби ҳаҷми ниҳоии имконпазири обхезиҳо шароит мавҷуд бошад», – гуфтааст номбурда.

Ҳ.Орифов бори дигар таъкид доштааст, ки «муҳимтар аз ҳама мо арзёбии мусбати Бонки ҷаҳониро ба даст овардем ва бо риояи ҳамаи тавсияҳои он, дигар ҳеҷ касе ба бунёди нерӯгоҳи Роғун монеъа эҷод намекунад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.