Се ҳодисаи сӯхтор дар ҷумҳурӣ тайи як шабонарӯз

Шабонарӯзи сипаришуда дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз сӯхтор одамон осеб надидаанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳодисаи аввал рӯзи чоршанбе шомгоҳон дар манзили сокини шаҳри Конибодом, Қурбон Ҳоҷиматови 51-сола рух дода, сӯхтор бар асари нодуруст гузоштани оташдони хона сар задаааст ва зиёни расида аз он 4 ҳазору […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи сипаришуда дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз сӯхтор одамон осеб надидаанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳодисаи аввал рӯзи чоршанбе шомгоҳон дар манзили сокини шаҳри Конибодом, Қурбон Ҳоҷиматови 51-сола рух дода, сӯхтор бар асари нодуруст гузоштани оташдони хона сар задаааст ва зиёни расида аз он 4 ҳазору 150 сомониро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаи дигари сӯхтор дар хонаи сокини 63-солаи пойтахт Солеҳ Иброҳимов ба амал омада, сӯхтор дар натиҷаи нодуруст гузоштани «фаршҳои гарм» сар задааст. Зиёни расида 2 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, ба оташнишинон муяссар гардидааст, ки амволи соҳибхона ба маблағи 55 ҳазор сомониро аз коми оташ наҷот диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар яке аз синфҳои ноҳияи Ховалинг бо айби фаррош сӯхтор сар зада, ҳаҷми зиёни расида 600 сомониро ташкил додааст ва ба кормандони хадамоти оташнишонӣ наҷоти амволи мактаб ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ муяссар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.