КМИР: Телевизиони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ бештар дастрас мешавад

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев изҳори итминон кард, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда шабакаҳои телевизиони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ бештар дастрас мешаванд. Ба гуфтаи вай, мутобиқи тағйироту иловаҳои нав ба қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ, аҳзоби сиёсӣ бо 40 дақиқа эфири бепули телевизионӣ таъмин мегарданд ва ин […]

Аваз Юлдошев



Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев изҳори итминон кард, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда шабакаҳои телевизиони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ бештар дастрас мешаванд.

Ба гуфтаи вай, мутобиқи тағйироту иловаҳои нав ба қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ, аҳзоби сиёсӣ бо 40 дақиқа эфири бепули телевизионӣ таъмин мегарданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар интихоботи парлумони соли 2010 онҳо бо 30 дақиқа эфири ройгони телевизионӣ таъмин шуда буданд.

«Барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ба ҷойи 15 дақиқа дар интихоботи пешин 20-дақиқагӣ эфири ройгони телевизонӣ ҷудо мегардад», – таъкид дошт Додоев.

Намояндаи КМИР Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки дар саҳифаҳои нашрияҳои чопии ҳукумат барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ба чоп мерасанд, ки бояд матни он бо шрифти 14 ва фосилаи 1,5 пешниҳод гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.