Изҳороти раиси ҲДТ оид ба поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон дар интихоботи парлумонӣ

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки коҳиши шумори қитъаҳои интихоботӣ дар Русия аз 24 то 3 адад хеле зиёд ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ба иштирок дар интихобот поймол мекунад. Ба андешаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз муҳоҷироне, ки ба гунаи мисол дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд, барои овоздиҳӣ ба шаҳри Маскав, сафоратхонаи Тоҷикистон намераванд. […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки коҳиши шумори қитъаҳои интихоботӣ дар Русия аз 24 то 3 адад хеле зиёд ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ба иштирок дар интихобот поймол мекунад.

Ба андешаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз муҳоҷироне, ки ба гунаи мисол дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд, барои овоздиҳӣ ба шаҳри Маскав, сафоратхонаи Тоҷикистон намераванд. «Онҳо на вақту маблағ доранду на аз таҷрибаи кофии сиёсӣ бархӯрдоранд, то ки аз минтақаҳои гуногуни Русия ҷиҳати раъйдиҳӣ ба шаҳрҳои Маскаву Уфа ва Екатеринбург ҳозир шаванд, зеро танҳо дар ҳамин шаҳрҳо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон амал карда, дар назди онҳо қитъаҳои интихоботӣ боз мегарданд», – мутмаин аст пешвои демократҳо.

С.Исмонов бар ин назар аст, ки вакилони амалкунанда шитобкорона тағйироту иловаҳо ба қонунгузории интихоботро қабул карданд, ки мувофиқи онҳо акнун танҳо дар намояндагиҳои расмии дипломатии Тоҷикистон дар Русия қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд. «Вакилони мардумӣ миқёси поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин масъаларо ба инобат нагирифтанд», – таъкид дошт раиси ҲДТ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки беш аз 90%-и вакилони амалкунандаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зодагони деҳотанд ва шояд то имрӯз ҳам андешаву афкори музофотии худро канор нагузоштаанд. «Ман умедворам, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда, ниҳоят парлумони касбӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунад», – афзуд Саидҷаъфар Исмонов.

Бино ба маълумоти

КМИР Тоҷикистон

,  дар маъракаи интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда дар хориҷи кишвар ҳудуди 40 қитъаи интихоботӣ ташкил карда мешавад, ки нисбат ба интихоботи президентии санаи 6-уми нобри соли гузашта ва интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 хеле камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.