Миннатдории раиси парлумони Афғонистон ба ташаббусҳои Тоҷикистон

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимиро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот ба густариши бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид. Шукурҷон Зуҳуров ҳамтои афғони […]

Аваз Юлдошев



Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимиро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот ба густариши бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамтои афғони худро бо сохтор ва тартиби кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ шинос намуда, таъкид дошт, ки имрӯз барои таҳкими ҳамкории ду мардуми бо ҳам дӯсти дорои умумиятҳои ягонаи таърихиву фарҳангӣ ва диниву забонӣ ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад. Ӯ ҳамчунин А.Иброҳимиро бо таъсиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон табрик гуфт.

Дар навбати худ Абдул Рауф Иброҳимӣ изҳор дошт, ки барои парлумони Афғонистон омӯзиши таҷрибаи кори парлумони Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.

Раиси парлумони Афғонистон ба ҳукумат ва президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки доимӣ дар кори расидан ба сулҳу субот дар сарзамини Афғонистон миннатдорӣ изҳор намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.