Кумаки Русия ба Тоҷикистон дар коҳиши сатҳи камбизоатӣ

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи лоиҳавӣ баргузор гардид, ки ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинони нӯҳ ноҳияи кишвар нигаронида шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, Созишномаи мазкур аз ҷониби муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод ва директори кишварии Барномаи рушди СММ ҷаноби Норимас Шимомура имзо […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи лоиҳавӣ баргузор гардид, ки ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинони нӯҳ ноҳияи кишвар нигаронида шудааст.






Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, Созишномаи мазкур аз ҷониби муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод ва директори кишварии Барномаи рушди СММ ҷаноби Норимас Шимомура имзо карда шуд. Чорабинии мазкур аз рӯи натиҷаи имзои Созишномаи грантӣ байни БРСММ дар ҶТ ва Сафорати Федератсияи Русия аз 14 ноябри соли 2014 вобаста ба иҷрои лоиҳаи “Беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии деҳот, ки дар нуҳ ноҳияи ҶТ истиқомат мекунанд”, баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур ба маблағи 6,7 млн. доллари ИМА аз ҷониби Ҳукумати Федератсия Русия маблағгузорӣ шуда, тавассути БРСММ дар ҳамкории зич бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар муддати се сол амалӣ карда мешавад.

Дар ҷараёни имзои Созишномаи лоиҳавӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода, сафири Русия дар ҶТ ҷаноби Игор Лякин-Фролов, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии БРСММ дар ҶТ ҷаноби Александр Зуев ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, ҳангоми имзои Созишнома иброз намуданд, ки лоиҳаи мазкур, идомаи ташаббуси барномаи рушди деҳот мебошад, ки аз ҷониби БРСММ татбиқ карда мешавад. Мақсади он барнома коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ буд. Лоиҳаи мазкур бошад ба рушди босуботи иқтисодӣ дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Дар доираи лоиҳа фаъолият вобаста ба беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои хурд ба намояндагони бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароит барои ташкили ҷойҳои корӣ ва омодакунии касбии мутахассисон амалӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, лоиҳаи мазкур барои амалӣ намудани супориши Президенти ҷумҳурӣ оид ба таҳияи барномаҳои рушд барои шаҳру ноҳияҳои кишвар мусоидат хоҳад намуд. То имрӯз Вазорат якҷоя бо намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллии иҷроия ва бо дастгирии БРСММ барномаи рушди 47 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро таҳия намудааст.

 Сафири Русия дар ҶТ ҷаноби Игор Лякин-Фралов қайд намуд, ки ин лоиҳа ба ҳокимиятҳои маҳаллии иҷроия ҷиҳати ба нақшагирии самаранок ва мониторинги рушди иҷтимоии иқтисодии ноҳияҳо мусоидат менамояд. Он барои беҳтаршавии шуғл ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар нуҳ ноҳияи нисбатан осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо нигаронида шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.