Баррасии фаъолияти корхонаи муштараки «Тоҷикистон-ВИС» дар Вазорати кишоварзӣ

Вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар директори кулли ширкати Бритониёии «ВИС» ҷаноби Питер Вейкфилдро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, муваффақият ва норасоиҳои фаъолияти ширкати мазкур барои ба роҳ мондани сертикисатсияи нави пахта тибқи талаботҳои бозори ҷаҳонӣ ва бо ин роҳ афзоиши даромаднокии на танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки зиёдшавии ҳаҷми андоз […]

ASIA-Plus



Вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар директори кулли ширкати Бритониёии «ВИС» ҷаноби Питер Вейкфилдро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, муваффақият ва норасоиҳои фаъолияти ширкати мазкур барои ба роҳ мондани сертикисатсияи нави пахта тибқи талаботҳои бозори ҷаҳонӣ ва бо ин роҳ афзоиши даромаднокии на танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки зиёдшавии ҳаҷми андоз аз фурӯши нахи пахта мавзӯи марказии сӯҳбати тарафайн қарор дода шуд.

Вазир қайд намуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №468 аз 3 октябри соли 2006 ҶСП «Тоҷикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» дар шакли муассисаи муштарак бо ширкати мустақили «Вейкфилд инспекшн сервисес», ки дар бозори зикргардида қариб 100 сол боз, яъне аз соли 1903 кор мекунад ва дар бозори ҷаҳонии нахи пахта соҳиби обрӯю эътибор ва боварии зиёд аст, таъсис дода шуд. Ин ширкат дар 39 мамлакати олам, ки соҳаи пахтакорӣ доранд намояндагии худро дорад.

Барои барпо намудани ин муассиса Бонки Рушди Осиё ба маблағи қариб ду миллион доллари ИМА қарз ҷудо намуда, 3 озмоишгоҳи минтақавии ҶСП «Точикистон-ВИС (Санҷиши мустақили пахта)» (дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе), ки ба талаботи замонавитарин ҷавобгӯ ҳастанд, бунёд карда шуданд. Мошинҳои баландсуръати озмоиши сифати нахи пахта модели HVI 1000 М 1000 харида ба кор омода карда шуданд.

Дар муассисаи муштарак 16 нафар кадрҳои баландихтисос кор мекунанд, ки таълимоти махсус гирифтаанд ва аз моҳи октябри соли 2008 соҳиби сертификати классёрҳои байналмилалианд. Корҳои сертификатсиони аз рӯи қоидаҳои замонавие, ки дар ҷаҳон қабул шудаанд, гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон мушкилоту монеъаҳои мавҷуда дар роҳи тавсеаи фаъолияти ширкати мазкур мавриди муҳокимаи тарафайн қарор дода шуда, роҳҳои рафъи онҳо, аз ҷумла истифодаи роликҳои рекламавиву буклетҳо ва таъсиси сомонаи махсуси ширкат барои истифодабарандагони Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.