Раиси парлумони Афғонистон ба Душанбе омад

Раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ шоми рӯзи чоршанбе бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев пешвоз гирифт. Нимаи аввали имрӯз […]

Аваз Юлдошев



Раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ шоми рӯзи чоршанбе бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев пешвоз гирифт.

Нимаи аввали имрӯз дидору гуфтушуниди раиси парлумони Афғонистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст. Абдул Рауф Иброҳимӣ ба ВКД ва Вазораи адлияи ҶТ низ ташриф меорад.

«Дар ҷараёни дидор ва гуфтушунидҳои раиси парлумони Афғонистон ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – гуфт Султонов.

Зикр гардид, ки раиси парлумони кишвари ҳасоя ҳамчунин аз Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ, маҷмааи фарҳангиву фароғатии «Кохи Наврӯз» ва нерӯгоҳи барқи обии Норак низ боздид хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки намояндаи аққалияти миллии ӯзбекҳои Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ моҳи феврали соли 2011 раиси парлумони ин кишвар интихоб шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.