Тамоми корхонаю муассисаҳои Хуҷанд арчаи солинавӣ оро медиҳанд

Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода то санаи 15 декабр корҳои омодагӣ ва ороишии арчаи солинавӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ба итмом расонда шуда, барои сокинону меҳмонони маркази вилоят барномаҳои фарҳангӣ пешкаш карда мешаванд. Дар асоси нақшаи таҳиягашта нахустин шуда озмун-фестивали солинавӣ байни 7 муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус  доир мегардад. Тибқи […]

ASIA-Plus



Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода то санаи 15 декабр корҳои омодагӣ ва ороишии арчаи солинавӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ба итмом расонда шуда, барои сокинону меҳмонони маркази вилоят барномаҳои фарҳангӣ пешкаш карда мешаванд.

Дар асоси нақшаи таҳиягашта нахустин шуда озмун-фестивали солинавӣ байни 7 муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус  доир мегардад. Тибқи Низомнома ҳар як аз ин муассисаҳо бояд барномаи ҷолиби силинавии фарҳангӣ омода намуда, манзури ҳаводорон ва ҳакамон намоянд. Баъдан аз санаи 24 декабр бошад ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарӣ, санъаткорони шинохтаи шаҳру вилоят дар назди тамошобинон пешбинӣ гардидааст.

Гала-консерти солинавии ниҳоӣ ва маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмун-фестивал бошад шоми санаи 31 декабр дар пояи арчаи солинавии майдони «Ситораҳои Хуҷанд» баргузор мегардад. Лозим ба ёдоварист,ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз санаи 15 декабр дар назди тамоми корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли моликият арчаи солинавӣ гузошта оро дода мешавад.

Арчаи марказии солинавии имсола 20 метр баландӣ дошта, бо усули хосаи муосир оро дода хоҳад шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.