Сабаби камбуди сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар Тоҷикистон ба он марбут аст, ки квотаи хариди ин навъи маводи сӯхти яке аз таҳвилгарони асосии маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ – ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» дар корхонаҳои коркарди нафти худи ширкат дар Русия ба охир расидааст.
Аз вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ доданд, ки ширкат ба харидории сӯзишвории дизелӣ дар дигар корхонаҳои коркарди нафти Русия оғоз намудааст, ки дар онҳо квотаи сӯзишвории дизелӣ барои Тоҷикистон тариқи миёнаравҳо ба итмом нарасидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, вазъи камбуди сӯзишвории дизелӣ нимаи моҳи декабр, ки миқдори нави сӯзишвории дизелӣ ворид мегардад, ба танзим оварда мешавад.
«Дар нуқтаҳои фурӯш сӯзишвории дизелӣ қариб дигар боқӣ намондааст, ки бешак, ба арзиши он ҳам таъсир мекунад. Ба поинравии нархҳо умедвор будан нашояд ва дар ҳамин сатҳ боқӣ мондани онҳо ҳам хеле хуб аст. Боиси хушнудист, ки бо бензин мушкилот вуҷуд надорад», – гуфт манбаъ.
Дар робита ба камбуди гази моеъ зикр гардид, ки ин ҷо низ ҳадди ақал як ҳафт мебояд мунтазир шуд, ҳарчанд камбуди он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт башиддат эҳсос намегардад.
Дар яке аз ширкатҳои машғул ба хариду фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон ин масъаларо чунин шарҳ доданд, ки гази моеъ саривақт ва дар ҳаҷми зарурӣ харида шуда, вале он бо кадом сабабе дар вақти пешбинишуда ба Тоҷикистон ворид нашудааст ва воридкунандагони он умедворанд, ки пас аз як ҳафта маводи харидаи онҳо аз Қазоқистон дастрас мешавад.



