Чаро сӯзишвории дизелӣ аз нуқтаҳои фурӯш ғайб зад?

Сабаби камбуди сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар Тоҷикистон ба он марбут аст, ки квотаи хариди ин навъи маводи сӯхти яке аз таҳвилгарони асосии маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ – ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» дар корхонаҳои коркарди нафти худи ширкат дар Русия ба охир расидааст. Аз вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ доданд, ки ширкат […]

ASIA-Plus



Сабаби камбуди сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар Тоҷикистон ба он марбут аст, ки квотаи хариди ин навъи маводи сӯхти яке аз таҳвилгарони асосии маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ – ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон» дар корхонаҳои коркарди нафти худи ширкат дар Русия ба охир расидааст.

Аз вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ доданд, ки ширкат ба харидории сӯзишвории дизелӣ дар дигар корхонаҳои коркарди нафти Русия оғоз намудааст, ки дар онҳо квотаи сӯзишвории дизелӣ барои Тоҷикистон тариқи миёнаравҳо ба итмом нарасидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, вазъи камбуди сӯзишвории дизелӣ нимаи моҳи декабр, ки миқдори нави сӯзишвории дизелӣ ворид мегардад,  ба танзим оварда мешавад.

«Дар нуқтаҳои фурӯш сӯзишвории дизелӣ қариб дигар боқӣ намондааст, ки бешак, ба арзиши он ҳам таъсир мекунад. Ба поинравии нархҳо умедвор будан нашояд ва дар ҳамин сатҳ боқӣ мондани онҳо ҳам хеле хуб аст. Боиси хушнудист, ки бо бензин мушкилот вуҷуд надорад», – гуфт манбаъ.

Дар робита ба камбуди гази моеъ зикр гардид, ки ин ҷо низ ҳадди ақал як ҳафт мебояд мунтазир шуд, ҳарчанд камбуди он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт башиддат эҳсос намегардад.

Дар яке аз ширкатҳои машғул ба хариду фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон ин масъаларо чунин шарҳ доданд, ки гази моеъ саривақт ва дар ҳаҷми зарурӣ харида шуда, вале он бо кадом сабабе дар вақти пешбинишуда ба Тоҷикистон ворид нашудааст ва воридкунандагони он умедворанд, ки пас аз як ҳафта маводи харидаи онҳо аз Қазоқистон дастрас мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...