Ба кори фурудгоҳи пойтахт туман монеъа эҷод кард

Аз шоми дирӯз то субҳи имрӯз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бар асари тумани ғализе, ки фазои шаҳри Душанберо фаро гирифт, ҳавопаймоҳоро қабул ва ба нуқтаи таъинот раҳсипор карда натавонист. Тавре аз ФБД хабар доданд, айни замон туман парокандаву аёният хуб ва дар фурсати наздиктарин ба парвози тамоми ҳавопаймоҳо тариқи хатсайрҳо, ки аз шоми дирӯз мутаваққиф […]

ASIA-Plus



Аз шоми дирӯз то субҳи имрӯз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бар асари тумани ғализе, ки фазои шаҳри Душанберо фаро гирифт, ҳавопаймоҳоро қабул ва ба нуқтаи таъинот раҳсипор карда натавонист.

Тавре аз ФБД хабар доданд, айни замон туман парокандаву аёният хуб ва дар фурсати наздиктарин ба парвози тамоми ҳавопаймоҳо тариқи хатсайрҳо, ки аз шоми дирӯз мутаваққиф шуда буданд, иҷозат дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти лавҳаҳои онлайни хатсайрҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, шоми дирӯз ва субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи Хуҷанд низ чунин вазъ ба амал омада, лекин Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик ҳаво дар ҷумҳурӣ сард мешавад. Рӯзҳои истиороҳат ҳарорати ҳаво аз 4 дараҷа гармӣ болотар намеравад. Рӯзи якшанбе боришот дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...