Идораи роҳи оҳан: Қатораҳои Русия ба Тоҷикистон намеомаданд

Date:



– Қарори Идораи роҳи оҳани Русия дар робита

ба муддати як сол маҳдуд кардани

ҳаракати қатораҳояш ба як қатор кишварҳои ИДМ ба ҳеҷ ваҷҳ ба Тоҷикистон дахл дошта наметавонад, зеро қатораҳои Русия ҳеҷ гоҳ ба ҷумҳурии мо тариқи хатсайрҳо наомадаанд, – иброз дошт дар шарҳи маълумоти ВАО-и Русия дар мавриди ин масъала муовини сардори Сарраёсати «Ҳамлу нақли мусофирон»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Каримҷон Муъминов.

Ӯ қайд кард, ки қатораҳо тариқи хатсайр аз Тоҷикистон  ба Русия ва баръакс ҳамеша бо қатораҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон сурат мегиранд ва чӣ гуна ба ин рӯйхат шомил шудани Тоҷикистон дақиқан маълум нест.

Ба гуфтаи Муъминов, азбаски Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар реҷаи ҳаракати қатораҳо ба самти Русия ҳеҷ тағйироте ворид намекунад, қатораҳо ба Русия чун пештара равуо хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба самти Русия бо ду хатсайр – Душанбе – Маскав – Душанбе (се маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд – Маскав – Хуҷанд (ду маротиба дар як ҳафта) қатораҳои мусофирбарро сафарбар месозад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...