Пуштибонии USAID аз хулосаи арзёбии сатҳи хониш дар синфҳои ибтидоӣ

Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд ҳамроҳи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова, кормандони маорифи маҳаллӣ, омӯзгорон ва созмонҳои байналмилалӣ дар баррасии натиҷаҳои арзёбии сатҳи хониш дар синфҳои ибтидоии лоиҳаи USAID “Хониши босифат”, ки дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми ҶТ татбиқ шуда истодааст, ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, USAID дар якҷоягӣ […]

ASIA-Plus


Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд ҳамроҳи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова, кормандони маорифи маҳаллӣ, омӯзгорон ва созмонҳои байналмилалӣ дар баррасии натиҷаҳои арзёбии сатҳи хониш дар синфҳои ибтидоии лоиҳаи USAID “Хониши босифат”, ки дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми ҶТ татбиқ шуда истодааст, ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, USAID дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми ҶТ воситаи арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоӣ барои муайян намудани дараҷаи хониш дар синфҳои аз 1 то 4-ро дар саросари Тоҷикистон таҳия намуд.  Воситаи мазкур дар стандартҳои нави миллии хониш барои синфҳои аз 1 то 4 асос ёфтааст.  Арзёбии зикршуда сатҳи саводнокиро дар Тоҷикистон холисонаю мунтазам тафсир дода, барои кормандони соҳаи маориф манбаи маълумот хоҳад шуд.

Дар сухани ифтитоҳиаш хонум Кэтлин Макдоналд гуфтааст “Давоми 12 соли охир ҳукумати ИМА бо Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои марбути он барои дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ва Шарокати умумиҷаҳонӣ дар соҳаи маориф бо мақсади ҷавобгӯй будан ба талаботу масъалаҳои асри 21 ҳамкорӣ менамояд.  Мо аз таҳияи маводи таълимӣ барои муаллимон, меъёрҳои хату хониш ва меъёрҳои татбиқи онҳо дар ҳамдастӣ бояд хушнуд бошем.”

USAID шарики боэътимоди ҳукумати ҶТ дар соҳаи маориф мебошад.  Ҳамчун нишонаи шарикии мазкур USAID бо хушнудӣ ин натиҷаҳои муҳимро ҷиҳати дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ дар мустаҳкам намудани сатҳи хониш ва идрок дар саросари Тоҷикистон дастрас менамояд.  

Лоиҳаи “Хониши босифат”-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) яке аз лоиҳаҳои кумакрасони зиёде мебошад, ки амалисозии он бо дастгирии мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии ҶТ, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.