Ифтитоҳи филиали нави «АксесБонк Тоҷикистон» дар Истаравшан

Имрӯз дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд филиали нави ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон»  ба хизматрасонии мизоҷон шурӯъ намуд, ки маросими тантанавии он бо иштироки кормандони маъмурияти шаҳри Истаравшан, намояндагони воситаҳои ахбори омма, сокинони шаҳр ва инчунин мизоҷон ва кормандону ҳамшарикони Бонк баргузор гардид.   Дар иттилоияи расмии ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон»  дар ин робита зикр мегардад, ки зимни […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд филиали нави ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон»  ба хизматрасонии мизоҷон шурӯъ намуд, ки маросими тантанавии он бо иштироки кормандони маъмурияти шаҳри Истаравшан, намояндагони воситаҳои ахбори омма, сокинони шаҳр ва инчунин мизоҷон ва кормандону ҳамшарикони Бонк баргузор гардид.  

Дар иттилоияи расмии ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон»  дар ин робита зикр мегардад, ки зимни суханронӣ дар маросими мазкур раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» Катарина Шахтнер аҳамияти рӯйдоди мазкурро барои аҳолӣ чунин маънидод кард:

«Мақсади асосии мо – пешниҳоди дастрас барои аҳолӣ ба маҳсулот ва хизмарасониҳои манфиатнок ва шаффоф баҳри беҳбудии сифати соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои баланд мебошад. Диққати асосӣ ба қарздиҳии соҳаи кишоварзӣ, ки самти асосии филиали мо аст, дода мешавад. Бо чунин роҳ мо хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқониро фаъолона дастгирӣ мекунем».

Гуфта мешавад, дар филиали нави  «АксесБонк Тоҷикистон» мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), имкон доранд, ки дар муддати кӯтоҳ суратҳисобҳои амонатӣ ва пасандозӣ бо фоизҳои манфиатнок кушоянд, қарзҳои манфиатнокро барои инкишофи соҳибкории хурд ва миёнаро интихоб кунанд, аз хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии хазинавӣ истифода баранд ва инчунин аз хизмати интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути системаҳои дилхоҳ истифода кунанд.

Раиси Раёсати бонк қайд намудааст, ки кушодашавии филиал бо туфайли дастгирии ҳукумати ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва инчунин кори пурмаҳсул ва босамари гурӯҳи касбии «АксесБонк Тоҷикистон»  имконпазир шудааст.

Қобили зикр аст, ки филиали мазкур 8-умин филиали «АксесБонк Тоҷикистон» шуд, ки дар маркази шаҳр бо назардошти муносиб бо мизоҷон ҷойгир карда шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.