Идораи роҳи оҳан: Қатораҳои Русия ба Тоҷикистон намеомаданд

– Қарори Идораи роҳи оҳани Русия дар робита ба муддати як сол маҳдуд кардани ҳаракати қатораҳояш ба як қатор кишварҳои ИДМ ба ҳеҷ ваҷҳ ба Тоҷикистон дахл дошта наметавонад, зеро қатораҳои Русия ҳеҷ гоҳ ба ҷумҳурии мо тариқи хатсайрҳо наомадаанд, – иброз дошт дар шарҳи маълумоти ВАО-и Русия дар мавриди ин масъала муовини сардори Сарраёсати […]

Пайрав Чоршанбиев



– Қарори Идораи роҳи оҳани Русия дар робита

ба муддати як сол маҳдуд кардани

ҳаракати қатораҳояш ба як қатор кишварҳои ИДМ ба ҳеҷ ваҷҳ ба Тоҷикистон дахл дошта наметавонад, зеро қатораҳои Русия ҳеҷ гоҳ ба ҷумҳурии мо тариқи хатсайрҳо наомадаанд, – иброз дошт дар шарҳи маълумоти ВАО-и Русия дар мавриди ин масъала муовини сардори Сарраёсати «Ҳамлу нақли мусофирон»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Каримҷон Муъминов.

Ӯ қайд кард, ки қатораҳо тариқи хатсайр аз Тоҷикистон  ба Русия ва баръакс ҳамеша бо қатораҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон сурат мегиранд ва чӣ гуна ба ин рӯйхат шомил шудани Тоҷикистон дақиқан маълум нест.

Ба гуфтаи Муъминов, азбаски Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар реҷаи ҳаракати қатораҳо ба самти Русия ҳеҷ тағйироте ворид намекунад, қатораҳо ба Русия чун пештара равуо хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба самти Русия бо ду хатсайр – Душанбе – Маскав – Душанбе (се маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд – Маскав – Хуҷанд (ду маротиба дар як ҳафта) қатораҳои мусофирбарро сафарбар месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.