Ифтитоҳи филиали нави «АксесБонк Тоҷикистон» дар Истаравшан

Date:



Имрӯз дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд филиали нави ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон»  ба хизматрасонии мизоҷон шурӯъ намуд, ки маросими тантанавии он бо иштироки кормандони маъмурияти шаҳри Истаравшан, намояндагони воситаҳои ахбори омма, сокинони шаҳр ва инчунин мизоҷон ва кормандону ҳамшарикони Бонк баргузор гардид.  

Дар иттилоияи расмии ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон»  дар ин робита зикр мегардад, ки зимни суханронӣ дар маросими мазкур раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» Катарина Шахтнер аҳамияти рӯйдоди мазкурро барои аҳолӣ чунин маънидод кард:

«Мақсади асосии мо – пешниҳоди дастрас барои аҳолӣ ба маҳсулот ва хизмарасониҳои манфиатнок ва шаффоф баҳри беҳбудии сифати соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои баланд мебошад. Диққати асосӣ ба қарздиҳии соҳаи кишоварзӣ, ки самти асосии филиали мо аст, дода мешавад. Бо чунин роҳ мо хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқониро фаъолона дастгирӣ мекунем».

Гуфта мешавад, дар филиали нави  «АксесБонк Тоҷикистон» мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), имкон доранд, ки дар муддати кӯтоҳ суратҳисобҳои амонатӣ ва пасандозӣ бо фоизҳои манфиатнок кушоянд, қарзҳои манфиатнокро барои инкишофи соҳибкории хурд ва миёнаро интихоб кунанд, аз хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии хазинавӣ истифода баранд ва инчунин аз хизмати интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути системаҳои дилхоҳ истифода кунанд.

Раиси Раёсати бонк қайд намудааст, ки кушодашавии филиал бо туфайли дастгирии ҳукумати ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва инчунин кори пурмаҳсул ва босамари гурӯҳи касбии «АксесБонк Тоҷикистон»  имконпазир шудааст.

Қобили зикр аст, ки филиали мазкур 8-умин филиали «АксесБонк Тоҷикистон» шуд, ки дар маркази шаҳр бо назардошти муносиб бо мизоҷон ҷойгир карда шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...