Мизони таваррум дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 6,8%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи ноябр нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ҳамагӣ ба андозаи 0,7% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 0,3% зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеҳмолии Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил додааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли равонро – дар сатҳи 7% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – дар сатҳи 6,6% пешгӯи мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.


