Мизони таваррум дар 11 моҳ 6,8%-ро ташкил дод

Мизони таваррум дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 6,8%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи ноябр нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ҳамагӣ ба андозаи 0,7% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 0,3% зиёдтар аст. Гуфта мешавад, соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеҳмолии Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил додааст. Ҳукумати […]

ASIA-Plus



Мизони таваррум дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 6,8%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи ноябр нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ҳамагӣ ба андозаи 0,7% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 0,3% зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеҳмолии Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли равонро – дар сатҳи 7% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – дар сатҳи 6,6% пешгӯи мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.