Марзбонони тоҷику қирғиз масъалаи таҳкими назорат дар марзро баррасӣ карданд

Сардори Сарситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Ҳабибулло Сафаров ва муовини аввали сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Искадар Мабеталиев чанде қабл дар қаламрави деҳоти Жаштики ноҳияи Лайлаки кишвари ҳамсоя мулоқот карданд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар мулоқот масоили пурзӯр кардани назорат дар хатти марз, роҳ надодан ба сар задани муноқишаҳо ва тақвияти […]

Аваз Юлдошев



Сардори Сарситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Ҳабибулло Сафаров ва муовини аввали сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Искадар Мабеталиев чанде қабл дар қаламрави деҳоти Жаштики ноҳияи Лайлаки кишвари ҳамсоя мулоқот карданд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар мулоқот масоили пурзӯр кардани назорат дар хатти марз, роҳ надодан ба сар задани муноқишаҳо ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо дар бораи бунёди як постгоҳи сарҳадӣ дар мавзеи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд тавофуқ ҳосил карданд.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон якчанд муноқишаҳои мусаллаҳона рух дода, бар асари онҳо сокинони маҳалливу марзбонони ҳарду ҷониб захмӣ ва ҳалок шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.