ҲНИТ боз ба Ойниҳод Бобоназарова такя мекунад

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова тибқи рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи  умумиҷумҳуриявӣ ба интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда метавонад ҳамчун номзад пешбарӣ шавад. Дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ Ойниҳол Бобоназарова гуфтааст,  Ҳизби наҳзати исломӣ номи ӯро дар феҳрасти номзадҳои якмандата пешниҳод ва дар корзори интихобот пуштибонӣ мекунанд.. «Ман ҳоло фикр […]

Аваз Юлдошев



Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова тибқи рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи  умумиҷумҳуриявӣ ба интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда метавонад ҳамчун номзад пешбарӣ шавад.

Дар мусоҳиба ба

радиои «Озодӣ

Ойниҳол Бобоназарова гуфтааст,  Ҳизби наҳзати исломӣ номи ӯро дар феҳрасти номзадҳои якмандата пешниҳод ва дар корзори интихобот пуштибонӣ мекунанд.. «Ман ҳоло фикр карда истодаам ва дар рӯзҳои наздик тасмими ниҳоии худро хоҳам гуфт», – иброз доштааст ӯ.

Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки то ба ҷонибдории рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ раъй додан дар анҷумани санаи 16-уми декабр таъиншуда, сухан гуфтан дар ин бора ҳамчунин далели воқеъӣ ҳанӯз барвақт аст.

Ҳайит ҳамчунин кард, ки ба рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилии ҲНИТ ба ҷуз Бобоназарова, ҳамчунин  афроди шинохта дар кишвар, ки аъзои ҲНИТ нестанд, низ шомил шуда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки ҲНИТ соли 2013 дар интихоботи президенти Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназароваро расман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ кард, аммо саривақт барои ҷонибдории ӯ шумори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.